Ректор

ТАБРИКОТИ
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА
ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ!

Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!

Ҳайати профессорону кормандони донишгоҳ!

Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат фарзандони мо Рӯзи донишро бо шодиву нишот ва зери осмони софу беғубори Ватан ҷашн мегиранд.

Барои ҳар як фарди фарҳангдӯсту толибилм ва махсусан соҳаи маориф Рӯзи дониш ва дарси ҷашни фархунда маҳсуб меёбад. Ин рӯзи шодибахшро қабл аз ҳама ба омӯзгорони мушфиқу ғамхор, падару модарони гиромӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сидқан табрику таҳният гуфта, ба устодони азиз, дар кори пуршарафти омӯзгорӣ, таълиму тарбияи насли наврас комёбиву муваффақият орзумандам.

Устодони гиромӣ, Муҳтарам Пешвои миллат маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва сарнавиштсоз эълон карда, омӯзгоронро ҷиҳати рушду нумӯъ, гузаштан ба низоми нави таҳсилот, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии соҳа ҳидоят намудаанд. Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар шудани сифати таълим, ҷорӣ намудани омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро бори дигар таъкид намуда, солҳои 2020-2040 – ро бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ эълон намуданд.

Барои дар амал татбиқ гардонидани ин бистсола Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳоро мураттаб намуда, аз тарафи Раёсати донишгоҳ низ тадбирандешӣ ва муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои таълимӣ бо асбобу анҷоми муосир дар мадди аввал қарор дорад. Вобаста ба ин, омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносиро зарур аст, ки роҳу усулҳои самарабахши таълими фанҳои мазкурро ба роҳ монанд.  Устодон ва донишҷӯёни азиз, маориф дар ҳама давру замон пояи устувори ҷомеа ба ҳисоб рафта, вазифаи он пеш аз ҳама тарбияи насли солимфикру соҳибмаърифат, созанда ва ватандӯст мебошад.

Натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сол то сол маблағгузории соҳаи маориф афзуда, сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ вусъат гирифта, заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо тақвият меёбад.

Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, барои пешрафти соҳаҳои маориф саҳмгузор бошем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар як омӯзгор ва падару модар вазифадоранд, ки сифати таҳсил, таълиму тарбияи насли наврасро дар сатҳи баланд қарор дода, фарзандони содиқи халқу Ватанро ба камол расонанд. Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан барояш азиз аст, барои соҳибмаърифату соҳибкасб гардидан ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас бояд саҳми муносиб гузорад.

Донишҷӯёни азиз!

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар тамоми дунё бемории сироятии коронавирус (КОВИД-19) хуруҷ намуда, ин вабои аср дар Тоҷикистони азизи мо ба қайд гирифта шуда, фаъолияти муътадили хоҷагии халқро халалдор намуд. Дар муассисаҳои олӣ ва таълимӣ низ аз 27 апрел то 16 августи соли равон таътил эълон гардида, мувофиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва хурӯҷи бемории сироятии коронавирус соли таҳсил аз 17 август оғоз гардида, ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ қайд карда мешавад. Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи шумо бо риояи ҳатмии тавсияҳои табибон амал намуда, соли нави таҳсилро бо рӯҳи болидаву дили саршор аз меҳри Ватан оғоз менамоед ва бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар таҳкими захираҳои зеҳнии кишвар саҳми худро мегузоред. Бори дигар Шумо омӯзгорони арҷманд ва хонандагони гиромиро бо Рӯзи дониш муборакбод гуфта, бароятон саодату хушбахтӣ, ҳаёти пур аз нишот ва дар кору таҳсил барору комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳумоюн бод!