Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати кадрҳо

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо rарори Ҳукумати Ӌумҳурии Тоxикистон аз 21.06.2018, таҳти, №306 тасдиқ шудааст, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, фармоиш ва дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ва Низомномаи бахш ба роҳ мондааст. Бахш бо дарназардошти амалисозии вазифаҳои донишгоҳ дар самти масъалаҳои ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, сохтори он аз ду воҳиди кории зерин иборат аст:
- мудири бахш;
- сармутахассиси бахш.
Бахш дорои вазифаҳои зерин мебошад:
 - назорати иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти касбиро дар фаъолияти донишгоҳ таъмин менамояд.
 - ба кормандону омӯзгорон, таълимгирандагон ва дигар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба миёномада маслиҳатҳо медиҳад;
- мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба бахш воридшударо саривақт баррасӣ намуда, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд;
- таҳияи босифат ва муҳлатноки санадҳои меъёрию ҳуқуқии сохторҳо, ҳуҷҷатҳои хизматии раёсат, шуъба ва бахшҳои донишгоҳро таъмин менамояд;
- ба расмият даровардани фармоишҳои ректор доир ба қабул, гузариш, ҷойивазкунӣ ва аз кор озод намудани кормандон, инчунин фармоишҳоро доир ба ҳаракати академии таълимгирандагон назорат менамояд;
- омода намудани аризаҳои фармонӣ ҷиҳати руёнидани маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки донишгоҳро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ хатм кардаанд;
- пешниҳоди аризаҳои фармонӣ;
- иштирок дар мурофияҳои судӣ;
- таҳияи гузориш роҷеъ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- таъмини иҷрои нақшаву барнома, стратегияҳо ва консепсияҳои дахлдор;
- баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии кормандону омўзгорон, таълимгирандагон ва шаҳрвандон;
- пешбурди коргузорӣ дар бахш.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда бахш уҳдадориҳои зеринро дорост:
- вобаста ба фаъолияти бахш нақшаи чорабиниҳои дахлдори донишгоҳро омода менамояд ва иҷрои онро дар доираи салоҳият таъмин мекунад;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар донишгоҳ пешниҳод манзур менамояд;
- мутобиқи ҷадвали тасдиқнамуда ва супоришҳои ректори донишгоҳ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳоро анҷом дода, дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавоб омода менамояд;
- маводи назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва доир ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида нақшаҳои кори солона, нимсола ва семоҳаи бахшро таҳия ва барои тасдиқ ба ректор пешниҳод менамояд;
- оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи маориф таклиф пешниҳод менамояд;
- дафтарҳои бақайдгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар маводро танзим менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳифзи маълумоти дорои сирри хизматро дар бахш таъмин менамояд.