ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Хабари рӯз 22 Февраля 2021

Рӯзи 22-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Шӯрои олимон ҳамоиши умумидонишгоҳӣ бо иштироки декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ва мудирони кафедраҳо, инчунин устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ таҳти унвони “Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ” баргузор гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Р., маҷлисро оғоз намуда доир ба забони модарӣ ва мақоми он суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд, ки “Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд. Ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон, ҳарчи бештар парвариш дода шавад”. Сипас, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ н.и.ф., дотсент Мирбобоев Азиз дар мавзӯи “Вазъи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забонии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” маърӯза хонд. Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯёни факултет баҳри болидарӯҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.