ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ!

Хабари рӯз 13 Апреля 2021

Санаи 12 апрели соли 2021 дар факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба як қатор омӯзгорони фанни забони англисӣ, ки дар курсҳои омӯзишӣ тариқи онлайн давоми 16 ҳафта фаъолона иштирок доштанд, бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд. Дар нишасти ҷоизасупорӣ нахуст, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷаке Ливингстон суханронӣ намуда, омӯзгоронро барои иштироки фаъолонаашон дар курси забономӯзӣ тариқи онлайнӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ намуд. Дар фарҷом омӯзгорон Ғайрат Шакарбеков, Муаттара Ҳасанова ва Ситора Хайруллоева низ суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чунин курсҳои кутоҳмуддад, изҳори сипос намуданд.

Суратгузориш аз рафти супоридани сертификатҳо