ВНМО-ТАҲДИД БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ҶАВОНОН

Хабари рӯз 1 Декабря 2020

Имрӯз, 01.12.2020 дар синфхонаи №6-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ бахшида ба рӯзи байналмилалии ВНМО дарси кушод таҳти унвони “ВНМО- таҳдид ба ҳаёти осоиштаи ҷавонон” баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханони пурмуҳтавои декани факултет н.и.х., дотсент Усмонов М.Б. оғоз шуд. Сипас, як гурӯҳ донишҷӯён зери роҳбарии Ҷаборзода Б., дарси кушоди худро доир ба ин беморӣ ва тарзи ҳаёти солим ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир бо муваффақият манзури иштирокчиён намуданд. Дар ҷамъбаст, декани факултет донишҷӯёнро барои гузаронидани чунин як дарси пурмуҳтаво аз номи раёсати донишгоҳ ва садорати факултет арзи сипос баён намуданд.