ВАТАН ҲАРФИ ПОКИ САДОЯМ ТУӢ

Хабари рӯз 22 Февраля 2021

Бо чунин мақсад, санаи 22-уми феврали соли равон дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Чорабинӣ бо сухани табрикотии омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин факултет н.и.ф., Равшани Ҳамроҳ оғоз шуда, доир ба Артиши миллии кишвар, ки рӯз ба рӯз пуриқтидор гардида истодааст, андеша ронд. Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни соли аввали факултет зери роҳбарии ассистенти кафедра Аюбзода Миҷгона ба хотири болидарӯҳии ҳозирин барномаи фарҳангӣ, иборат аз маърӯза, шеъру суруди ватандӯстона, рақс ва саҳначаи ҳаҷвии тарбиявӣ пешкаш карда шуд.

Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ: