ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САБЗ ХОҲАМ КАРД!

Хабари рӯз 19 Февраля 2021

Субҳи 19-уми феврали соли 2021 тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе инчунин дар якҷоягӣ бо раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти азизамон, Душанбешаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони “Истиқлол”, ки воқеъ дар канори муассисаи мазкур ҷойгир аст, баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила ва дигар кормандону донишҷӯёни донишгоҳ саҳмгузорӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки майдони “Истиқлолият” иншооти бузурги фарҳангӣ буда, онро 10-уми июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба он санги асос гузоштанд, ки бояд дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

 Суратгузориш аз рафти ниҳолшинонӣ дар майдони “Истиқлолият”-и пойтахт: