НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

Хабари рӯз 12 Ноября 2021

12.11.2021 дар Гимназияи №4-и барои хонандгони болаёқати шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуд.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, профессор Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон, аз 14.07.2021, таҳти №13 бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардонида шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар радифи мукофотгирандагон муовини аввали ректори донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир бо медали   мазкур қадршиносӣ гардид.

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муовини аввали ректори донишгоҳ дотсент Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодирро барои сарфароз гардидан бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” табрику таҳният гуфта, барояш дар ҷодаи илму таълим фатҳи баланди қуллаҳои беназирро таманно менамоянд.