“МУРОҶИАТ БА РЕКТОР”

Хабари рӯз 12 Декабря 2020

Рӯзи 12.12.2020 дар толори Шӯрои олимони бинои асосӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода чун анъана қабули шаҳрвандону донишҷӯёнро ба роҳ монда, ба ҳамаи саволҳои муроҷиаткунандагон посухи равшан дод.

Ҳамаи муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ чун ҳамешагӣ самимона қабул намудаву вобаста ба самти фаъолияти корӣ ва фарогирии мавзӯоти дархостии онҳо масъулини зерсохторҳои қисми таълим, тарбия, хоҷагидорӣ, робитаҳои байналмиллалӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва дигаронро ҷиҳати иҷроиши дархостиашон вазифадор намуд. Бояд зикр кард, ки чанде қабл, бо дастури ректори донишгоҳ дар сомонаи донишгоҳ гӯшае бо номи “Муроҷиат ба ректор” (tgpu.tj) таъсис дода шуд, ки дар он муроҷиаткунандагон ҳамаи арзу шикоят ва дархосту пешниҳодҳои худро метавонанд бевосита ирсол намудаву аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш гиранд.