ИМТИҲОНҲОИ СЕССИЯИ ЗИМИСТОНАИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД

Хабари рӯз 9 Декабря 2020

Тибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти №632 оид ба баргузории сессияи имтиҳонии зимистонаи солҳои таҳсили 2020-2021 ибтидо аз 9-уми декабр имтиҳонсупории донишҷӯёни шакли таҳсили шуъбаи рӯзона оғоз гардида, то 6-уми январи соли 2021 идома меёбад. Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани сессияи навбатӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ситоди корӣ таъсиси дода шудааст, ки рафти имтиҳонҳо аз оғоз то ба анҷом пурра назорат карда мешавад. Вақти қабули имтиҳонҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ду баст: (аз соати 800 то соати 1700) ба роҳ монда шудааст. Тибқи фармоиш, имтиҳонҳонсупорандагон дар маркази МҚИ1, МҚИ2 ва синфхонаҳои компютерии факултетҳои география, биология, таҳсилоти ибтидоӣ, математика, технология ва соҳибкорӣ, забони англисӣ имтиҳон месупоранд. Бояд зикр кард, ки муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., дотсент Қосимов С. ва сардори раёсати таълим н.и.т, дотсент Айнулозода Н. инчунин дигар роҳбарони зерсохторони марбути он барои гузаронидани сессияи навбатӣ пеш аз оғози сессия тадбирҳои судманд андешидаву кӯшиши онро доранд, ки сессияи навбатиро бо сари баланду бемушкилот ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намоянд.

Суратгузориш аз рафти баргузории сессияи имтиҳонии зимистона дар донишгоҳ: