Идомаи суҳбат-вохӯрии гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бо донишҷӯёни донишгоҳ

Хабари рӯз 8 Апреля 2021

Санаи 7-уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Фирӯз Маҳмадулло, намояндаи ШВКД дар н.И.Сомонии шаҳри Душанбе, подполковники миллитсия Ҳайдарзода Мастура, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонзода, намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонзода меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки дар донишгоҳ 150 нафар донишҷӯён ба гурӯҳи ҷавонони “Авангард” аъзо гардидаанд, ки аз ин шумора, 20 нафарашон узви аъзои фаъоли ин гурӯҳ мебошанд. Сипас, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Фирӯз Маҳмадулло суханрони намуда доир ба фаъолияти ин гурӯҳ маълумот доданд. Мавсуф, зимни суханрони доир ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи муосир, алалхусус, терроризму экстремизм ва ифротгароии хушунатомез сухан гуфтанд. Ҳамчунин қайд намуд, ки фаъолияти ҷавонони “Авангард”-и Донишгорҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба инобар гирифта, роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими он дорад, ки як викторина ё чорабинии сатҳи ҷумҳуриявиро ба хотири баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии донишҷӯён дар донишгоҳ баргузор намояд. Дар идома, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов баромад намуда, миннатдории Раёсати донишгоҳро ба роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили чунин як вохӯрии судманду манфиатовар расонид. Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён доир ба фаъолияти ин гурӯҳи хайрхоҳу ватанпарвар баромад намудаву фикру андешаҳои хешро озодона иброз доштанд. Суратгузориш аз рафти вохӯрии мазкур: