ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ИҶРО МЕШАВАНД

Хабари рӯз 2 Декабря 2020

Субҳи имрӯз, 02.12.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов С., муовинони ректор, деканони факултету мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, инчунин роҳбарони дигар зерсохторҳо баргузор гардид.

Дар маҷлис доир ба вазъи таълиму тарбия, масоили зимистонгузаронӣ ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҳар гуна беморӣ ибрози назар карда шуд. Дар охир тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин таъкидҳо ба самъи ҳозирин расонида шуда, иҷрои ҳатмии онҳо талаб карда шуд:

-         баргузории ҳама гуна чорабиниҳо дар донишгоҳ (ғайр аз чорабиниҳои варзишӣ), манъ карда шавад.

-         дар арафаи Соли нав ба ятимону эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз карда шавад;

-         барои пешгирии бемории Сovid-19 дар даромадгоҳи биноҳо таҷҳизоти ҳароратсанҷ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва таъмини реҷаи ниқобпӯшӣ ба пуррагӣ риоя карда шуда, истифодаи ниқоб аз ҷониби кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён ҳатмӣ гардонида шавад.

-         Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати назорат ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири Сovid-19 дар донишгоҳ фаъол карда шавад;

-         риояи қоидаҳои бехатарӣ дар тамоми биноҳои таълимӣ аз ҷумла, пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад;

-         истифодаи самараноки нерӯи барқ ва бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин намудани биноҳои донишгоҳ мавриди назорати масъулини сохторҳо қарор дода шавад;

-         интизоми меҳнат ва сари вақт ба кор ҳозир шудани кормандон аз ҷониби масъулин мавриди корбарӣ қарор гирад;