БАРГУЗОРИИ ОНЛАЙН-КОНФЕРЕНСИЯ

Бурсия 28 Сентября 2021

28.09.2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим” бо иштироки васеи устодон, роҳбарони зерсохторҳо, инчунин намояндагону коршиносони Донишгоҳи давлатии педагогии Бошқирдистон ба номи М.Акмулла баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки ин семинар тариқи онлайн баргузор гардида бошад ҳам, хеле аз масъалаҳои мубрами таҳсилоти фосилавиро дар бар мегирифт.

Яке аз зарфияти ин барномаи онлайнӣ дар он буд, ки намояндагони зерсохторҳои таълимии донишгоҳ оид ба умдатарин принсипҳои таълимоти таҳсилоти фосилавӣ саволу ҷавоб намудаву бардошти маънавӣ ҳосил намуданд. Семинари мазкур то санаи 30.09.2021 идома хоҳад ёфт.