АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН

Хабари рӯз 22 Февраля 2021

Рӯзи 19-уми феврали соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., сардори собиқадорони ҷангу меҳнаи ВКД ҶТ, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аҳли раёсат ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, тамоми омӯзгорону кормандони донишгоҳро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Пас аз он, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҳисоби донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ аз тарафи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” эълон карда шуда буд, ки дар ин рӯз ғолибон муайян гардида, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, омӯзгори донишгоҳ Муборакиён Сиддиқ дар озмуни умумиҷумҳуриявии шоҳмотбозӣ барои ба даст овардани “Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи аввал гашта, “Ҷоми ВКД ҶТ”-ро ба даст овард. Дар идома, ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо барномаи зебои фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.