
Мудир

Саидов Муҳиддин Вайсиддинович
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
(+ 992) 904 47 22 34
Солҳои 1978 то 1983 донишҷуи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ), факултети механика-математикаро бо ихтисоси математик - омӯзгор хатм намуда, фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими фанни математика соли 1981-1985 аз мактаби таҳсилоти умумии № 63-и ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе шурӯъ намудам.
Солҳои 1985-1992 – ассистент, омӯзгори калони кафедраи физикаи эксперименталӣ, солҳои 1992-1996 - ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 1996-2001 омӯзгори калони кафедраи физикаи умумии ДМТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, солҳои 2001-2004 - ноиби ректор оид ба иқтисод дар ДТИКСМ, солҳои 2004-2005 - мудири шӯъбаи табиию риёзии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педдагогӣ, солҳои 2005-2009 директори коллеҷи омӯзгорӣ ва техникии ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 2009-2010 сардори бахши Хадамоти назорати сифати таҳсилот дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2010-2013 - дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2013-2014 - иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумдонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2014 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорам. Соҳиби 5 фарзанд Саидов Аъзам, Саидов Муҳсиддин, Саидов Кароматулло, Саидов Умед ва Саидова Фарзона мебошам.