
Педагогика
ТАЪРИХ, ФАЪОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ
КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКАИ УМУМӢ
Аз рӯзи аввали оғози фаъолияти Донишкадаи омӯзгорӣ (соли 1931) кафедраи педагогика ва психология ташкил карда шуд ва вазифаи асосии он тайёр кардани мутахассисон барои фаъолияти педагогӣ буд. Дар солҳои аввали таъсисёбии кафедра устодони он аз педагогика, назария ва таърихи педагогика ба донишҷӯён дарс мегуфтанд.
Нахустин омӯзгори кафедра олими шинохта Баҳоваддинов А.М. буданд, ки баъдан ба унвони академики АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор сазовор гардиданд. Солҳои 1935–1936 Баҳоваддинов А. М. вазифаи мудири озмоишгоҳи педагогика-психологияро ба уҳда дошт. Дар ин давра, барои хондани лексия аз таърихи педагогика, педагогикаи наврасон ва равоншиносии эксперименталӣ ба кафедра устод Алӣ Озарӣ (аз Озарбойҷон ) даъват карда шуд, ки бо забони точикӣ-форсӣ дарс мегузашт.
Дар нимаи солҳои 30-юм фаъолияти таълимию таҳқиқотии кафедра ривоҷ ёфта, зарурияти ҷалб намудани омӯзгорони наву ботаҷриба ба миён омад. Аз соли 1936 фаъолияти худро устодони кафедра профессор Чапига А.В. ва дотсент Пинт А.О., баъд узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогии ИҶШС, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Беркович Э.К. оғоз намуданд. Олимони номбурда дар тарбияи кадрҳои педагогии мактаби олии ҷумҳурӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд. Соли 1938 кафедраи равоншиносӣ аз кафедраи педагогика ҷудо шуд.
Солҳои 1938–1947 ҳайати омӯзгорон ва профессорони кафедра бо устодон Гусак М. Г., Евтеев М. Т., Лихёчева Т. И., Сахиуллина З. Т., Бокровская А. Б., Ахмедов М. Х., Бикчентай Н. А . пурра гардид. Дарсҳо бо забони русӣ хонда мешуданд, бинобар ин устодон Эркаев М. ва Исмоилов У. мазмуни лексияи онро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекарданд.
Соли 1939 ба кафедра Орифов М. О. ба кор омад. Дар аввал профессор Орифов М.О. ва минбаъд дотсентон Раҳимов Б.Р., Хошмуҳамедова Р.И. мудирии кафедраро ба уҳда доштанд.
Моҳи июни соли 1980 ба вазифаи мудири кафедраи педагогика доктори илмҳои педагогӣ, профессор Обидов И.О. интихоб гардид. Аввалин маротиба, дар назди кафедраи педагогикаи умумӣ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ кушода шуд ва таи солҳои 1979–1995 амал намуд. Аз соли 1995 дар назди кафедра Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ фаъолият намуд, ки дар давоми фаъолияти он 12 нафар рисолаи докторӣ, 109 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар байни онҳо устодон Шербоев С., Шарифов Ф., Каримова И.Х., Зубайдов У.З., Паҳлавонов А., Ҷонназаров Х., Қаҳрамонов Г.С., Бӯйдоқов Х., Қодиров К.Б., Нуров А.Н., Шукуров Т. ба гирифтани дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор сарфароз гардидаанд.
Тӯли солҳои 2005–2007 роҳбарии кафедраро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ ба уҳда дошт. Минбаъд, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шомуродов Х.Р. (солҳои 2007 – 2013) ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шарипова Д.Я. (солҳои 2013-2017) ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуданд.
Имрӯз сарварии кафедраро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна ба уҳда дошта, дар ҳамкорӣ бо 21 нафар устодон фаъолияти таълимию тадқиқотиро пеш мебаранд. Сафи олимону омӯзгорони ботаҷрибаи кафедра сол аз сол зиёд гардида, фаъолияти ҳамарӯзаи профессорон Иматова Л.М., Шарипова Д.Я., дотсентон Шукурова Н.О., Наимов З.Ҷ., Самиев Т., Рамазонова Р., Фозилов С., н.и.п. Ғаниева Б., Мансурова Ҷ., муаллимони калон Ҳабибова О., Азизова Ф., Аҳадов З., Хоҷаева Г., Арбобова Ф., Мамадқулова О., Пулотов А., Холмуродов А. ва ассистентон Бегова Ф., Сафаров Ш., Маҳмадуллоева Ш., Ҳайдарова Н. ба таҳқиқи самтҳои босамари таълиму тардрис, коркарди шакл ва воситаҳои фаъолгардонии донишҷӯёну хонандагон равона гардидааст.
Устодони кафедра самти кори таҳқиқотӣ-илмиро вобаста ба мавзӯи бунёдии кафедра “Такмили заминаҳои педагогию психологии ташаккули салоҳияти маърифатӣ-эҷодии донишҷӯён дар заминаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” интихоб намуда, роҳҳои муайян намудани методҳои гуногуни муосири таълим, таҳлили натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯён, мутобиқати супоришҳои тестӣ бо барномаҳои корӣ (силлабус), гузаронидани семинару тренингҳо, омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ мавриди кор қарор доданд.