ИЛМ

Бердиёров Довуд Муродкулович

Масъули сомонаи донишгоҳ

(+ 992) 987 33 98 38

Бердиёров Довуд Муродкулович, 11 августи соли 1983 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Ӯ мактаби миёнаи №42-и ба номи Лоиқ Шералиро бо баҳои хубу аъло хатм карда, пас аз хатми мактаб, соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба факултети филологияи тоҷик дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кардааст. Аз соли 2012 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, алалхусус, дар Бахши танзими тестҳо ба вазифаи сармутахассис кору фоъолият намудааст. Ҳамзамон, шурӯъ аз 02.01.2013 дар кафедраи забони тоҷикӣ низ ба ҳайси омӯзгор, ҳамкори дохила, кору фаъолият намудааст. Аз 10-уми октябри соли 2014 то 16.11.2015 ба ҳайси сармутахассиси раёсати таълим фаъолият намуда, аз 16-уми моҳи мазкур то 20-уми майи 2017 ба ҳайси ҷонишини мудири маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ адои вазифа намудааст ва инчунин, аз санаи 20-уми майи 2017 то 28-уми августи 2018 сардории Бахши танзими тестҳоро бар ӯҳда дошт. Аз 28-уми августи 2018 то 1-ми марти соли 2019 ба ҳайси муовини сардори Маркази тестӣ ва аз он рӯз то 1-уми апрели соли 2020 роҳбарии Маркази тестиро бар ӯҳда дошт. Аз 01-уми апрели соли 2020 то инҷониб дар вазифаи масъули сомонаи донишгоҳ кору фаъолият дорад.

ntcn