ИЛМ

Ҳикматов Нурали Раҷабович

Директори китобхона

(+ 992) 918 76 19 94

Ҳикматов Нурали Раҷабович 1 декабри соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.  Мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.  Соли 2009 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дохил шуда соли 2013 Донишкадаи мазкурро бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми Донишкада солҳои 2014-2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2020 то инҷониб директори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳамзамон донишҷӯи бахши чоруми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.