Биология

4 кафедра / 4 ихтисос

Дар заминаи факултети табиатшиносӣ-география аз 1 сентябри соли 1957 шӯъбаҳои «география-биология», «химия-биология ва «география» кушода шуд. Соли 1964 бо иқдоми собик ректори донишгоҳ профессор Шукуров О.Ш. барои факултет бо саҳми донишҷӯён ва омӯзгорон дар дараи зебоманзараи Ромит маркази таҷрибаомӯзии саҳроӣ, ташкил карда шудааст. Ин лаборатория на фақат ҷои гузаронидани таҷрибаи саҳроӣ, балки маркази асосии тадқиқоти илмӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва номзадӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ободонии ин маркази тадқиқотии илмӣ хизмати донишҷӯён ва устодони факултети биология Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Қаюмов Ю.Б., Валиев А.И., Ивантсова Л.В. ва дигарон хеле калон аст. Бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 .08.1976 таҳти рақами №112 бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахасисҳо факултети табиатшиносӣ-география ба факултетҳои «биология-химия» ва «география-биология» ҷудо карда шуданд. Аз соли 1976 то соли 1979 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Зубайдов У.З. иҷро карда, дар соҳаи ҷо ба ҷо кардан ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар факултет саҳми босазо гузоштааст. Аз соли 1980 то соли 1994 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Маҳмадзиёев А.М. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1980 то соли 1990 факултети биология-химия базаи гузаронидани олимпиадаи умумиитифоқии донишгоҳҳои омӯзгорӣ оид ба ихтисоси биология ва химия интихоб шуда буд. Аз соли 1994 то 1997 вазифаи декани факултет ба зиммаи н.и.б., дотсент, Тураев А.К. ва аз соли 1997 то соли 1998 ба ӯҳдаи д.и.х., профессор Солиев Л.С. гузошта шуда буд. Бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.01.1998 таҳти рақами №02-02 ва фармони ректори ДДОТ №4а _ ОД аз 20 январи соли 1998 дар заминаи факултети «биология ва химия» факултетҳои мустақили «Химия» ва «Биология» кушода шуд. Вазифаи декани факултети биологияро аз соли 1998 то соли 2009 д.и.б. Сатторов Т.С., ба ӯҳда дошт. Аз соли 2009 то соли 2013 бошад, он вазифаро д.и.б. Раҳимов С., аз соли 2013 то соли 2017 дотсент К.А.Баротов, аз соли 2017 то соли 2018 М. Шарипов, аз соли 2018 то 2020 дотсент М.Х. Ғайратзода ва аз январи соли 2020 то ҳоло н.и.б. Бобозода Илҳомҷон Абдушукур иҷро карда истодааст. Факултет шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона дошта, дар он 4 кафедра: зоология, ботаника, анатомия ва физиология, биологияи умумӣ ва методикаи таълимӣ биология фаъолият менамоянд. Ҳоло дар факултет (дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона) зиёда аз 1500 нафар донишҷӯён ва 15-нафар магистрон аз ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд. Дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона зиёда 500 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳурии Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон, таҳсил менамоянд. Дар факултет 2 доктор, 14 дотсент, 12 муаллими калон, 19 ассистент, 4 лаборант, 1 мутахассиси пешбари музей, 1 коргузори факултет ва 1 танзимгари шӯъбаи ғоибона бо таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани факултет АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Украина ва Донишгоҳҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Киев ва ғайра ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Дар факултет ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Мавзӯи корҳои илмии устодон ба хоҷагии халқ ва истеҳсолот вобаста буда, якҷоя бо пажӯҳишгоҳҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешаванд. Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва супоришӣ иҷро карда мешавад. Донишҷӯёни факултет ҳар сол дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи якум, дуюм ва сеюм мегарданд. Дар факултет ҳар сол ҷорабиниҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд. Дар факултет осорхонаи зоологӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз осорхонаи беҳтарин дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар факултет ихтисосҳои биология (1020401), биология-экология (1330101), биология-химия(102040401) ва биохимияи тиббӣ (1020401) фаъолият мекунанд. Устодони факултет Сатторов Т.С., Маҳмадзиёев А., Султонов С., Савлатов С., Қосимова X.Н., Ғайратов М.Х, Баротов К.А., Шарипов М., Ваҳобов А., Раҳмадов С., ва дигарон муаллифи китобҳои дарсӣ (аз фанҳои зоология, ботаника, биологияи умумӣ, ҷаниншиносӣ, ҳалли масъалаҳои биологӣ, генетика, МТБ) барои донишҷуёни мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна ба шумор мераванд. Барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо мактаби №25, мактаби №44 ва №10-и ш. Душанбе шартнома баста шудааст ва онҳо мактаби базавии факултет ба шумор мераванд.

Бештар..

Факултет имрӯз:


Ихтисос

Декан

Бобозода Илҳомҷон Абдушукур

Декани факултет


Бобозода Илҳомҷон Абдушукур дар деҳаи Ғажне, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1985-1995 дар мактаби №2 –и ноҳияи Варзоб таҳсил намуда, солҳои 2000-2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо номи Қандил Ҷураев (ҳозира С.Айни)-ро бо ихтисоси биолог (Диплом ДТО № 0005021) хатм намудааст. Солҳои 2007 - 2009 дар аспирантураи  Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таҳсил намудааст. Соли 2014 рисолаи номзадиро дар Шаҳри Қазони Федератсияи Руссия бо ихтисоси “ботаника” дифо намудааст (приказ от 8 декабря 2014 г. № 696/нк-1, серия КНД № 001703 г.Москва). Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ, иштирокчии беш аз 29 конфронсияҳои илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Бобозода Илҳомҷон соҳиби ифтихорномаи Раиси ноҳияи Варзоб, барои корҳои самарабахш ва пурмаҳсул дар тӯли фаъолияти пурсамар, дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маорифи ноҳияи Варзоб, Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳои илмӣ ба муносибати 23-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.09.2014 таҳти № 312, Сипосномаи Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, барои иштироки фаъолонаи бахши илмҳои табиатшиносӣ дар конфронси илмии ҷумҳуриявӣ, бахшида ба 70-солагии донишгоҳ, шаҳри Кӯлоб 17-18.04.2015, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 14.03.2016 таҳти № 696 бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, №1336 бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст. Фаъолияти меҳнатиро  аз соли 1995 дар мактаби № 2-и н. Варзоб, ҳамчун лабарант, соли 1996 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, соли 2000 омӯзгори фанни биология, соли 2006 ходими хурди илмии Парваришгоҳи набототи кӯҳии Варзоб, соли 2008 ходими илмӣ, соли 2009 ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ба номи Қурбон Сангинӣ, н. Варзоб, аз моҳи январи соли 2017 то 16 январи соли 2020 дар вазифаи сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб ва аз 16 январи соли 2020 дар вазифаи декани факултети биологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ кор карда истодааст. Соли 2010 бори аввал ва соли 2015 бори дуюм вакили ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи н. Варзоб, аз соли 2002 инҷониб аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиладор соҳиби 4-нафар фарзанд мебошад. Айни ҳол истиқоматкунандаи деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб мебошад.

Кафедраҳо


Анатомия ва физиология

       Кафедраи анатомия ва физиология соли 1958 дар назди факултети тарбияи ҷисмонӣ таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои тиб, профессор Икромов Э. Х. мебошад, ки то соли 1962 кафедраро роҳбарӣ намудааст.

         Қиёмов Қамариддин Қиёмович аз соли 1962 то соли 1967 ба сифати мудири кафедраи физиология ва гигенаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ фаъолият намудааст.

    Пас аз чанд соли фаъолият дар риштаҳои гуногуни илмӣ Қиёмов Қамариддин Қиёмович аз шаҳри Ленинград боз ба шаҳри Душанбе баргашта аз соли 1971 то соли 1976 дар донишгоҳи мазкур ба вазифаи мудири кафедраи физиология ва гигиена кор ва фаъолият намудааст.

    Бобохоҷаев Ислом Яқубович аз соли 1976 то соли 1982 ва аз соли 1983 бошад, то 25-уми феврали соли 1987   вазифаи мудири кафедраи физиология ва гигенаи Донишгоҳро адо намудааст.

      Аз соли 1988 то соли 1993 мудирии кафедраро   Ёқубов А. Я. ба зимма доштааст.

    Ивазов Нурулло аз соли 1993 то соли 2002 ба вазифаи мудири кафедраи физиология ва гигиена фаъолият намудааст.

   Ғафуров Бабрак аз соли 2005- то моҳи майи соли 2011аз моҳи майи соли 2011 то соли 2018 Ваҳобов Алиҷон, Қурбонов Абдуллочон бошад соли 2018 то моҳи ноябр вазифаи мудири кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро адо намудаанд. Айни замон роҳбарии кафедраи мазкурро дотсент Шарипов Мирзобек Мирзоевич ба ӯҳда дорад.



Ботаника

Кафедраи ботаника дар заминаи кафедраи зоология соли 1961 таъсис ёфтааст. Роҳбарии кафедраро аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то соли 1983 узви вобастаи АИ ҶТ, ходими шоистаи илм, профессор, шодравон Шукуров Ориф Шукурович ба ӯҳда дошт. Аз соли 1983 то соли 2005 сарварии кафедраро дотсент Султонов С., аз соли 2005 то 2008 дотсент Бобораҷабов Б. ва аз соли 2008 то 2018 дотсент Ғайратзода М.Х. аз моҳи ноябри соли 2018 то ҳоло дотсент Қурбонов А.Р. давом дода истодааст.

     Дар кафедра то имрӯз омӯзгорони зиёде фаъолият кардаанд, ки дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи биология барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Профессор Шукуров О.Ш., дотсентон Колесникова П.Д., Вознесенская Е.И., Станюкович М.Б., Баҳриддинов Н., Султонов С., Бобораҷабов Б., Қаҳорова Ҳ..Ҷ., Рафиева М.Г., Ғайратзода М.Х., Қурбонов А.Р. номзадҳои илм Ивантсова Л.В., Хисматулин Б.Г. муаллимони калон Иброҳимова М.И., Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Плеханова А.И., Раҳмонова С.Х,., Паллаева Л.М., Муродова М. А., Ортиқов М.О., ассистентон Аъзамова Ф.Б., Балхова Л.М., Раҳимов Ш., Қурбонова Н.С., ва Таваллоева Н.Н. дар ташаккули кафедра нақши калон гузоштаанд. Дар тайёр кардани олимони ҷавони соҳаи ботаника, олимони намоён аз муассисаҳои илмӣ ба монанди академикон Овчинников П. Н., Каримов Х.Х., узви вобастаи АИ ҶТ, профессорон Станюкович К.В., Мамадқулов У.К., Иконни­ков С.С., Нигмонов М., Раҳимов С., Пименов М.Г.   ва дигарон саҳми калон гузоштаанд.

         Кормандони кафедра дар давоми фаъолияти хеш садҳо мақолаи илмию методӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, тавсияҳо ва барномаҳоро ба табъ расонидаанд. Аз ҷумла, профессор Шукуров О.Ш. китобҳои дарсии «Ситология», «Географияи растаниҳо», «Ботаника» қисмҳои 1-2 ва «Ботаника» ҳарду қисм якҷоя чоп намудаанд. Бо дархости Вазорати маорифи ҶТ Султонов С. ва Нигмонов М. китоби дарсии «Ботаника» барои синфҳои 5 ва 6-ум (ҳаммуаллиф, соли 2002) ва дар алоҳидагӣ синфҳои 5 ва 6 (2005) ба табъ расонидаанд. Султонов С., Савлатов С. ва Маҳмадзиёев А. «Биологияи умумӣ» барои синфи 11 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ соли 2006-ум чоп карданд. Султонов С. Ғайратзода М.Х.бо дигар муаллифон барномаҳои таълимии ботани­ка ва биологияи умумӣ барои синфҳои 5-6, 10-11 бо тағйиру иловаҳо нашр намудаанд. Аз тарафи Султонов С. дастури таълимӣ оид ба машғулиятҳои лабораторӣ аз ботаника қисми 2 дар соли 2001 ва дигар муаллифон васоити таълимии «Ботаника» барои корҳои лабараторӣ соли 2009 аз чоп бароварданд.

          Муаллима Раҳмонова С.Х. «Шарҳи баъзе мафҳумҳои физиологияи растаниҳо» соли 1991, «Усули таълимӣ баъзе мавзӯъҳои биологияи умумӣ» соли 1993, дастури таълимии «Корҳои лабораторӣ оид ба физиоло­гияи наботот» соли 1997, ба табъ расонид.

Омӯзгор Ғайратов М.Х. якҷоя бо дигар муаллифон «Дастури таълимии корҳои лабораторӣ оид ба физиологияи наботот» (2006), «Ҳалли масъалаҳои биологӣ» (2006), «Микробиология» (курси лексияҳо) (2008), «Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва биологӣ» (2009), «Дастури таълимӣ оид ба машғулиятҳои лабораторӣ аз ботаника» (2009) ва «Курси мухтасари генетика» -ро якҷоя бо Савлатов С., Баротов К. ва Йилмаз Ф. аз чоп баровардааст.

Дотсенти кафедра Бобораҷабов Бобохон дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии худ як монография «Анализ биоразнообразия бриофлоры Памира» соли 2017 ро ба чоп расонид.

Омӯзгори кафедра н.и.б., дотсент Қурбонов Абдуллоҷон низ як монография таҳти унвони «Зонтичные Северного Таджикистана»-ро соли 2019 ба чоп расонид. Инчунин дар барномаву роҳнамои омӯзгорон аз фанҳои биологӣ, аз ҷумла, «Роҳнамои фанни ботаника синфи 6-ум» (2018) ҳаммуаллиф мебошад.

            Кафедраи ботаника бо мақсади ривоҷ додани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва методӣ бо як қатор донишгоҳҳо ва муасиссаҳои илмӣ- тадқиқотии ҶТ ва ИДМ алоқаи илмию методӣ дорад.

 

 

 



Бобозода Илҳомҷон Абдушукур

Декани факултет

555559205


Биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология

Кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология соли 1976 дар натиҷаи ба ду факултет (биологияю химия ва ҷуғрофия) ҷудо шудани факултети ҷуғрофия ва табиатшиносӣ дар ҳайати факултаи ҷуғрофия таъсис ёфта буд. Аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 1984 сарварии кафедраро дотсент Қаюмов Ю.Б. ба ӯҳда дошт.

То таъсисёбии факултети биология кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология ҳамчун кафедраи алоҳида дар назди факултети география то соли 1970 ва дар факултети химияю биология бошад, якҷоя бо методикаи таълимӣ химия то соли 1998 фаъолият дошт. Кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология моҳи январи соли 1998 дар заминаи кафедраҳои дигари факултети биология ташкил карда шуд.

Аз рӯзи таъсисёбии кафедра сарварии онро доктори илми биология   Сатторов Т.С. то 01.04.2004 ба ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2004 то моҳи сентябри 2009 дотсент Абдулозода Х. ва аз моҳи октябри соли 2009 роҳбарии кафедраро дотсент Ваҳобов А.А., Ғайратов М. ва аз соли 2015 роҳбарии кафедраро дотсент Шарипов ба ӯҳда дошт. Аз 13.07.2017 то ҳозир ба ҳайси мудири кафедра дотсент Баротзода К.А. фаъолият дорад.

Дар айни замон дар кафедра 13 нафар омӯзгорон ва кормандон, аз он ҷумла 1 нафар доктори илми биология, 2 нафар номзади илми биология, дотсент, 2 нафар номзади илми педагогика, дотсент, 4 нафар омӯз­горони калон, 3 ассистент ва 1 нафар лаборант ба корҳои таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд. Дар кори таълиму тарбия устодони имрӯзаи кафедра саҳми устодон Шарипов М., Баротзода К.А., Зиё Раҳмон., Назарова Н., Каримова И., Миразоров К., Одинаев Н., Давлатов С., Ҳалимов К., Эшонов С., Хидиров Ғ., Хоҷазода С., Бозоров С., ва дигарон калон аст. Дар кафедра таълимӣ фанҳои тахассусӣ бо ду забон (точикӣ ва русӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар солҳои охир дар кафедра ба тадбиқи қонуни забон дар раванди таълим ва навиштани китобҳои дарси диққати махсус дода мешавад. Аксарияти барномаҳои таълимӣ аз фанҳои тахассусӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва навишта шудаанд. Натиҷаи корҳои илмию методии онҳо бошад, зиёда аз 250 ададро ташкил мекунад.

Бо роҳбарии устодон китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии «Методикаи таълими биология», «Ҳалли масъалаҳои биологӣ», «Корҳои беруназсинфӣ аз биология», «Истифодаи чистон, шеър, зарбулмасал, панди ниёгон ва ҳикояҳо дар таълими биология»., «Аҷоиботи биология», «Маҷмӯаи тарзи нави худбаҳодиҳи ба дониш аз фанни ботаника барои синфҳои 5-6», «Ба роҳ мондани корҳои мустақилона дар таълими биология», «Ботаникаи синфи 5-6», «Барномаи биологияи синфҳои 5-11», «Роҳнамои биологияи синфи 5-6», «Асосҳои омодагии касбии омӯзгорони оянда зимни омӯзиши робитаи байнифаннӣ дар таълими биология», «Асосҳои дидактикии тайёрии касбии омӯзгорони оянда зимни истифодабарии бозиҳои дидактикӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» ва ғайраҳо чоп шудаанд.

 


Таърихи факултет

Дар заминаи факултети табиатшиносӣ-география аз 1 сентябри соли 1957 шӯъбаҳои «география-биология», «химия-биология ва «география» кушода шуд. Соли 1964 бо иқдоми собик ректори донишгоҳ профессор Шукуров О.Ш. барои факултет бо саҳми донишҷӯён ва омӯзгорон дар дараи зебоманзараи Ромит маркази таҷрибаомӯзии саҳроӣ, ташкил карда шудааст. Ин лаборатория на фақат ҷои гузаронидани таҷрибаи саҳроӣ, балки маркази асосии тадқиқоти илмӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва номзадӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ободонии ин маркази тадқиқотии илмӣ хизмати донишҷӯён ва устодони факултети биология Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Қаюмов Ю.Б., Валиев А.И., Ивантсова Л.В. ва дигарон хеле калон аст. Бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 .08.1976 таҳти рақами №112 бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахасисҳо факултети табиатшиносӣ-география ба факултетҳои «биология-химия» ва «география-биология» ҷудо карда шуданд. Аз соли 1976 то соли 1979 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Зубайдов У.З. иҷро карда, дар соҳаи ҷо ба ҷо кардан ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар факултет саҳми босазо гузоштааст. Аз соли 1980 то соли 1994 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Маҳмадзиёев А.М. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1980 то соли 1990 факултети биология-химия базаи гузаронидани олимпиадаи умумиитифоқии донишгоҳҳои омӯзгорӣ оид ба ихтисоси биология ва химия интихоб шуда буд. Аз соли 1994 то 1997 вазифаи декани факултет ба зиммаи н.и.б., дотсент, Тураев А.К. ва аз соли 1997 то соли 1998 ба ӯҳдаи д.и.х., профессор Солиев Л.С. гузошта шуда буд. Бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.01.1998 таҳти рақами №02-02 ва фармони ректори ДДОТ №4а _ ОД аз 20 январи соли 1998 дар заминаи факултети «биология ва химия» факултетҳои мустақили «Химия» ва «Биология» кушода шуд. Вазифаи декани факултети биологияро аз соли 1998 то соли 2009 д.и.б. Сатторов Т.С., ба ӯҳда дошт. Аз соли 2009 то соли 2013 бошад, он вазифаро д.и.б. Раҳимов С., аз соли 2013 то соли 2017 дотсент К.А.Баротов, аз соли 2017 то соли 2018 М. Шарипов, аз соли 2018 то 2020 дотсент М.Х. Ғайратзода ва аз январи соли 2020 то ҳоло н.и.б. Бобозода Илҳомҷон Абдушукур иҷро карда истодааст. Факултет шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона дошта, дар он 4 кафедра: зоология, ботаника, анатомия ва физиология, биологияи умумӣ ва методикаи таълимӣ биология фаъолият менамоянд. Ҳоло дар факултет (дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона) зиёда аз 1500 нафар донишҷӯён ва 15-нафар магистрон аз ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд. Дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона зиёда 500 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳурии Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон, таҳсил менамоянд. Дар факултет 2 доктор, 14 дотсент, 12 муаллими калон, 19 ассистент, 4 лаборант, 1 мутахассиси пешбари музей, 1 коргузори факултет ва 1 танзимгари шӯъбаи ғоибона бо таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани факултет АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Украина ва Донишгоҳҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Киев ва ғайра ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Дар факултет ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Мавзӯи корҳои илмии устодон ба хоҷагии халқ ва истеҳсолот вобаста буда, якҷоя бо пажӯҳишгоҳҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешаванд. Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва супоришӣ иҷро карда мешавад. Донишҷӯёни факултет ҳар сол дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи якум, дуюм ва сеюм мегарданд. Дар факултет ҳар сол ҷорабиниҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд. Дар факултет осорхонаи зоологӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз осорхонаи беҳтарин дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар факултет ихтисосҳои биология (1020401), биология-экология (1330101), биология-химия(102040401) ва биохимияи тиббӣ (1020401) фаъолият мекунанд. Устодони факултет Сатторов Т.С., Маҳмадзиёев А., Султонов С., Савлатов С., Қосимова X.Н., Ғайратов М.Х, Баротов К.А., Шарипов М., Ваҳобов А., Раҳмадов С., ва дигарон муаллифи китобҳои дарсӣ (аз фанҳои зоология, ботаника, биологияи умумӣ, ҷаниншиносӣ, ҳалли масъалаҳои биологӣ, генетика, МТБ) барои донишҷуёни мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна ба шумор мераванд. Барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо мактаби №25, мактаби №44 ва №10-и ш. Душанбе шартнома баста шудааст ва онҳо мактаби базавии факултет ба шумор мераванд.

Хабарҳо

Ҳамаи хабарҳо